Изҳорот дар бораи сафари Оқохони IV ба Тоҷикистон

Шӯрои Миллӣ аз исмоилиёни Тоҷикистон хостааст дар масоили мазҳабӣ танҳо ба иттилоияҳои расмии созмонҳои ҷамоатӣ такя кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Шӯрои Миллӣ, созмони ҷамоатии исмоилиёни Тоҷикистон бо нашри як изҳорот иттилоъ додааст, ки хабарҳо дар бораи санаи сафари қарибулвуқӯи Оқохони IV ба кишвар асос надоранд.

Тибқи изҳороти Шӯро, хабарҳои паҳншуда, ки гӯиё Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV, чиҳилу нӯҳумин пешвои руҳонии исмоилиён аз 9 то 19 августи соли равон бо муридонаш дар Тоҷикистон дидор мекунад, пояи расмӣ надоранд.

Паёми алмосии Оқохони IV: Аз вазифаи имом то баракати иртибот ва беҳтарин садақа...

Шӯрои Миллӣ аз аъзои ҷамоат хостааст дар масоили мазҳабӣ танҳо ба иттилоияҳои расмии созмонҳои ҷамоатӣ такя кунанд.  Исмоилиёни Тоҷикистон мегӯянд, паҳни чунин хабарҳои бардурӯғ метавонанд боиси саргардонии аъзои ҷамоат гарданд. 

Аълоҳазрат Шоҳ Карим донишомӯхтаи донишкадаи торихи исломи Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари "Шабакаи тавсеъаи Оқохон" (AKDN) аст. Ӯ пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони Севум, дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар 20-солагӣ пешвои руҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст. Теъдоди муридони Оқохони IV дар Тоҷикистон ҳудуди 200 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад.