ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилии Узбекистон аз барканории сардори идораи милисаи шаҳри Каттақӯрғони вилояти Самарқанд иттилоъ дод. Корманди ин идора ахиран занеро дар дуздӣ муттаҳам карда, пеши дастгоҳи наворбардорӣ маҷбур кардааст, ки либосҳояшро пурра кашад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, подполковник Фарҳод Ҷӯраев сардори нави идораи милисаи шаҳри Каттақӯрғон таъин гардид.
Вазорати умури дохилии Узбекистон афзудааст, Санъат Умаров, маъмури милисае, ки занро таҳқир кардааст, ба ҳабс гирифта шуд. Таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Умаров барои паст задани шаъну шараф ва берун баромадан аз ҳадди ваколатҳояш феълан идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Кибриё Юлдошева, тоҷири 33-cолаи тоҷикистонӣ низ даъво кард, ки маъмурини милисаи ноҳияи Спитамен ӯро лучи модарзод кардаанд. Тибқи даъвои ин зани тоҷик, се корманди милиса ӯро дар тақаллубкорӣ муттаҳам карда, бо баҳонаи он ки зери либосҳояш дастгоҳҳои сабтро пинҳон накунад, маҷбур намудаанд, то лучи модарзод либосҳояшро кашад. Ба гуфтаи даъвогар милисаҳо ба ӯ даст нарасондаанд, аммо дар ҳолати урён бозпурсӣ намудаанд. Мақомот мегӯянд феълан таҳқиқи ин ҳодиса низ идома дорад.