Ҳамааш хуб аст: Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири Эрон дар Тоҷикистон мулоқот кардааст

Вазири хориҷаи Тоҷикистон аз сафарҳои моҳҳои ахири бархе мақомоти баландпояи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон қадрдонӣ ва аз фаъолияти ширкатҳои эронӣ, ба хусус дар сохти нерӯгоҳи “Роғун”-и Тоҷикистон ибрози ризоият кард.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Хабаргузории "Парс тудэй" аз мулоқоти ахири сафири Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ бо вазири умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад.Бино бар иттилои манбаъ, дар ин мулоқот, ҷонибҳо чанд масъаларо баррасӣ карда,  аз рушди муносибатҳои ду кшвар изҳори қаноатмандӣ кардаанд.

"Дар ин дидор вазири хориҷаи Тоҷикистон аз сафарҳои моҳҳои ахири бархе мақомоти баландпояи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон қадрдонӣ ва аз фаъолияти ширкатҳои эронӣ, ба хусус дар сохти нерӯгоҳи "Роғун"-и Тоҷикистон ибрози ризоият кард", — менависад манбаъ.

Ишораи Сироҷиддини Муҳриддин ба сафари Зариф, вазири хориҷаи Эрон барои ширкат дар нишасти вазирони ЭКО, Ардакониён, вазири нерӯ барои ширкат дар конфронси байналмилалии об ва Деҳқонӣ, муовини ҳуқуқӣ ва байналмилалии Вазорати хориҷа барои ширкат дар конфронси байналмилалии муқобила бо терроризм ва ифротгароӣ буд.

Дар ин дидор ҳамчунин тарафайн зимни баррасии ҳамкориҳои дуҷониба, баргузории сенздаҳумин комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар дар моҳҳои боқимондаи соли ҷории мелодиро мавриди таъкид қарор доданд.