Бояд торихро донанд: имомхатибони масҷидҳо ба тамошои осорхона мераванд

Ходимони дин бояд торихи сарзамин ва фарҳанги қадимаи ниёгони худро донанд ва дарк намоянд, ки донистани қавоини олам ба бобокалононамон имкон дод, ки аз санҷишҳои ҷангҳову дигаргуниҳои ҷиддии харобиовар гузаранд, забон ва фарҳанги худро ҳифз кунанд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи умури дин ва танзими анъанаи Тоҷикистон ба расонаҳои расмии кишвар хабар додааст, ки имомхатибони масҷидҳои кишвар дастур гирифтанд, ки аз осорхонаҳои Тоҷикистон дидан кунанд.

Ба гуфтаи масъулини кумита, ин иқдом ходимони динро аз ториху фарҳанги кишвар огоҳ мекунад.

"Ходимони дин бояд торихи сарзамин ва фарҳанги қадимаи ниёгони худро донанд ва дарк намоянд, ки донистани қавоини олам ба бобокалононамон имкон дод, ки аз санҷишҳои ҷангҳову дигаргуниҳои ҷиддии харобиовар гузаранд, забон ва фарҳанги худро ҳифз кунанд. Омӯхтани сарчашмаҳои худ ба дарки анъана ва эътиқоди дигар одамон кумак мерасонад", — гуфтааст сухангӯи кумита.

Чанде пеш 116 нафар ходимони дини водии Ҳисор аз осорхонаи миллӣ дар шаҳри Душанбе дидан намуданд. Пештар аз он чунин иқдом дар осорхонаи мазкур барои имомхатибони шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб роҳандозӣ шуда буд. Барои боздид аз осорхона ва ҷойҳои таърихӣ тақрибан 4 ҳазор нафар имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ аз саросари ҷумҳурӣ сафарбар хоҳанд шуд.