Иҷозати мақомот ва IRS: Хатари таркиши газ бартараф шуд

Мақомоти Тоҷикистон ва ширкати IRS мегӯянд, хатари таркиши мошини ҳомили газ дар роҳи Душанбе - Чаноқ бартараф гардида, ҳаракати нақлиёт дубора иҷозат дода шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ширкати IRS, ки нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқро ба уҳда дорад, аз фоҷеаи маргбор дар ин масир хабар дод.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти IRS, пеш аз зуҳри имрӯз, 13-уми июл дар километри 72- юми роҳи автомобилгарди Душанбе- Чаноқ мошини махсуси газкашӣ  ба садама дучор шуда, ба бино бархӯрдааст.

“Дар натиҷа ронандаи автомашина ҳалок гардида, гази дар он мавҷудбуда хориҷ шуда истодааст. Аз лаҳзаҳои аввали рух додани садама кормандони филиали Ширкат ба маҳалли ҳодиса расида, чораҳои дахлдор андешида шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Бинобар хориҷшавии газ масъулини ширкат дар мувофиқа бо мақомот ҳаракат дар ин масирро муваққатан қатъ карда буданд.

Дар иттилоияи ҷадиди ширкат таъкид мешавад, ки хатари таркиши мошини ҳомили газ аз сӯи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бартараф гардида, ҳаракати нақлиёт дубора роҳандозӣ шуд.

“Ҳоло роҳ кушода буда, ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт таъмин аст”, - таъкид кардааст IRS.