Дуздии маблағи калон дар масҷиди марказии Хуҷанд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дуздии маблағи калон дар таҳоратхонаи масҷиди шаҳри Хуҷандро ошкор кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳолати дуздӣ дар масҷиди марказии шаҳри Хуҷанд хабар додааст.

Тибқи иттилои ВУД, сокини 39-солаи ноҳияи Ашт муроҷиат намуда, арз доштааст, ки 16-уми апрели соли 2018, тахминан соати 15:18 шахсони номаълум аз кисааш 7775 сомонӣ, 63 ҳазор рубли русӣ ва 50 доллари амрикоиро дуздидаанд.

Манбаъ афзуд, ки дар пайи кофтукоб муттаҳам дар ин ҷиноят, марди 37-сола, сокини ноҳияи Мастчоҳ боздошт гардид, ки қаблан низ барои дуздӣ маҳкум шуда будааст.

Вазорати умури дохилӣ таъкид намуд, ки феълан таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.