Ҳамлаи Алишер Абдуллоев бо корд ба чанд сокини Петербург

Дар Санкт Петербург як шаҳраванди Тоҷикистон ба чанд роҳгузар корд зада, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Як шаҳрванди Тоҷкистон дар Санкт Петербург ба иттиҳоми кордакашӣ ба се сокини шаҳр боздошт шуд.

Бино бар иттилои "Фонтанка", Алишер Абдуллоев дар тайи ду моҳ ба кӯчаҳои шаҳр ба шаҳрвандон бо корд дармеафтодааст.

Ҳамин тавр, вай чанд нафарро захмӣ карда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.

"Алишер Абдуллоев, шаҳвранди 21-солаи Тоҷикистон шоми гузашта боздошт шуд. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ муайян карданд, ки хонаводаи вай чанд сол қабл аз Тоҷикистон ба Русия омада буданд", — менависад манбаъ.

Кордкашии Абдуллоевро дурбинҳо ба навор гирифтаанд.

"Шаби 19-уми июн дар соҳили канили Грибоед вай ба гардани як марди 41-сола корд зада, аз ҷойи ҳодиса пинҳон шуд. Пас аз ду руз дар кӯчаи Горохова як сокини дигари шаҳррро корд зад", — тавзеҳ медиҳад хабаргузорӣ.

Ҳар ду дар бемористон бистарӣ шуданд. Абдуллоев дар пайгард қарор дошт, аммо дастгир нашуда буд.  10 июл вай боз дар ҳамон кучаи Горохова ба гардани дигаре корд зад.

Ҳамаи ҷабрдидагонро наҷот доданд. Ҷавон дар бозпурсӣ гуфтааст, ки мехост шаҳрвандони хориҷиро ба қатл расонад. Пизишкон ҳолати равонии ҷавонро ташхис мекунанд.

Абдуллоев боздошт гардида, нисбати вай парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.