Ширкати чинӣ дар Норак ҳисобкунакҳоии барқии электронӣ насб мекунад

Ширкати чинии “Hexing Electrical Co.,Ltd.” дар норак барномаи озмоиширо барои насби ҳисобкунакҳои барқии электронӣ роҳандозӣ мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Бино ба иттилои КВД "Тоҷинвест" роҳбарияти ширкати "Hexing Electrical Co., Ltd." зимни мулоқот бо масъулини Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон, масъалаи сармоягузорӣ барои насби ҳисобкунакҳои барқии электронӣ дар шаҳри Норакро баррасӣ карданд.

Тибқи иттилои Кумитаи сармоягузорӣ ба масъулини лоиҳа дастур дода шуд, ки дар муҳлати кутоҳтарин асоснокии техникии онро омода карда, пешниҳод намоянд.

Қаблан низ роҳбарони ширкати чинӣ бо мудирони КВД "Тоҷинвест" мулоқот анҷом дода буданд. 

"Сангтӯда-1" эълом кард, ки "Барқи тоҷик" аз нерӯгоҳ 950 миллион сомонӣ қарздор шудааст

"Зимни мулоқот намояндагони ширкати "Hexing Electrical Co., Ltd." барои амалӣ гардондани лоиҳаи сармоягузорӣ дар самти насби ҳисобкунакҳои барқии электронӣ ва таъмини инфрасохтор дар ин самт ибрози ҳавасмандӣ карда буданд", — афзуд манбаъ.

КВД "Тоҷинвест" иттилоъ додааст, ки пас аз дидору мулоқотҳои бо ширкати чинӣ дар тӯли як сол, тарафҳо дар бораи ҳамкорӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.

Мақомоти умури сармоягузории Тоҷикистон мегӯянд, ширкати мазкур дар насби ҳисобкунакҳои электронӣ таҷрибаи хуб дорад. Пештар ин ширкат чунин лоиҳаи сармоягузориро дар Суғд роҳандозӣ карда буд.