Аз сандуқ то сиккаву сӯзанӣ: 100 бозёфти таърихии нав дар осорхонаи Суғд

Аз ҷониби кормандони шуъбаи дастхатҳои осорхона барои муайян намудани навиштаҷоти ҳуруфоти форсӣ – арабӣ дар рӯйи санг, чӯб, асбобҳои рӯзгор, сафолакҳо ва сиккаҳои қадимӣ дар ин давра 20 адад тавсифоти илмии китобу дастхатҳои воридгардида низ пурра таҳия гардидаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ба осорхонаи вилояти Суғд беш аз 100 ашёи таърихӣ ворид гардид, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, имсол бахшида ба соли гардишгарӣ хазинаи осорхонаи Суғд ба 101 бозёфти таърихӣ бойтар шуд.

"Ин бозёфтҳои таърихӣ аз сандуқ, чархдег, чархи ресмонресӣ, зарфҳои сафолин, лавҳаҳо, сӯзаниҳо, сиккаҳо, гӯшвора ва дигар ашё иборат буда, миёни онҳо нодиртаринашон ҳайкалчаи сафолӣ (терракота) аз давраи тоисломӣ, яъне асрҳои V-VIII, тағораи сафолии охири асрҳои XIX-аввали асри XX ва чароғи сиёҳ (ҷинчароғ, сиёҳчароғ) мебошанд", — меафзояд манбаъ.

"Қалъаи Хуҷанд"-ро бештар аз 1200 гардишгар боздид кардаанд

Маъмурияти Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" ҷиҳати татбиқи "Барномаи давлатии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар солҳои 2012-2020" дар самти ҷамъоварии нигораҳо аз аҳолӣ ва ғанӣ гардонидани маъхази осорхона бо намунаҳои беҳтарини осори таърихию фарҳангӣ тадбирҳои судманд меандешад.

Афзун бар ин, аз ҷониби кормандони шуъбаи дастхатҳои осорхона барои муайян намудани навиштаҷоти ҳуруфоти форсӣ — арабӣ дар рӯйи санг, чӯб, асбобҳои рӯзгор, сафолакҳо ва сиккаҳои қадимӣ дар ин давра 20 адад тавсифоти илмии китобу дастхатҳои воридгардида низ пурра таҳия гардидаанд.

Ёдовар мешававем, ки аз оғози соли равон аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Н.Неъматов ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ 45 682 нафар тамошобинон дидан намудаанд, ки аз он 1236 нафарашон сайёҳони хориҷи дур ва 472 нафар аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанд.