ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дар изҳороти Додситонии кулли Тоҷикистон, ки рӯзи 13-уми июл ба нашр расид, гуфта шудааст, ки ахиран дар воситаҳои ахбори омма хабарҳои зиёд дар бораи таъқиби ҷиноятӣ ва вазнинии ҳукми суд нисбат ба шаҳрванд Мирсаидов Хайрулло мунташир шуд.
"Дар баъзе аз чунин хабарҳо ҳукми додгоҳ ба рӯзноманигор будани номбурда рабт медоданд, ҳатто ба омилҳои сиёсӣ доштани парвандаи ҷиноятӣ ишора мекарданд", — менависад додситонӣ.
Манбаъ таъкид мекунад, "дар парвандаи мазкур ҳеҷ маълумоте дар бораи фаъолияти сиёсӣ ва ё рӯзноманигории Мирсаидов Хайрулло мавҷуд нест".
"Вай барои он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст, ки ҳангоми раҳбари дастаи "Хушдилон ва ҳозирҷавобон" (КВН) будан, ба сохтакории ҳуҷҷатҳо ва азхуд намудани маблағҳои будҷа даст задааст. Мирсаидов аз нияти ғаразнок дидаю дониста, барои содир шудани ҷинояти вазнин хабари бардурӯғ расонидааст, ки худ ҷиноят мебошад", — тавзеҳ медиҳад додситонӣ.
"Тамоми иттиҳомот алайҳи Хайрулло Мирсаидов тасдиқи худро пайдо намудааст ва бинобар ҳамин ӯ ба 12 сол зиндон ва адои ҷазо дар маҳбаси низомаш сахт маҳкум карда шуд", — афзудааст манбаъ.
Додситонии кули Тоҷикистон ҳоло парвандаи ҷиноятии мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, дар ҳолати "номувофиқ" будани ҷазои таъйиншуда нисбати Мирсаидов, метавонад аз болои ҳукми додгоҳ эътироз оварад.
Додситонӣ муҳокима ва зери танқид қарор додани ҳукми суд аз ҷониби воситаҳои ахбори оммаро ҳамчун халалдор сохтани адолати судӣ арзёбӣ кардааст.
Лозим ба ёдоварист, ки додгоҳи Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидовро дар шоҳидии бардурӯғ, сохтакорӣ ва исрофи 124 ҳазор сомонӣ гунаҳкор донист, ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Мирсаидов баробари рӯзноманигорӣ роҳбарии дастаи зарифони Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ӯ моҳи декабри соли 2017 баъди шикояташ аз фасодкории раиси раёсати Кумитаи кор бо ҷавонон дар вилояти Суғд боздошт гардид.