Натарсонед! Шигифти САҲА аз 12 соли зиндон барои 13 ҳазор доллар

Аз мақомоти Тоҷикистон даъват мекунам, ки фавран Хайрулло Мирсаидовро озод намоянд ва кафолат диҳанд, ки рӯзноманигорон бидуни тарси таъқиб метавонанд масоили аҳамияти иҷтимоидоштаро оммавӣ кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Арлем Дезир, масъули Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии баён аз ҳукми сангини Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигори маъруфи тоҷик изҳори нигаронӣ карда, аз давлатии Тоҷикистон озодии ӯро дархост кардааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти САҲА иттилоъ медиҳад.

Иттиҳоди КВН аз ҳукми Мирсаидов шигифтзада аст: ӯро чун инсони нек мишиносем

“Аз ҳукми вазнин ва номуносиби рӯзноманигор сахт нигаронам. Махсусан бо назардошти он, ки ҳукми 12 соли зиндон барои исрофи 124 ҳазор сомонӣ содир шудааст. Аз мақомоти Тоҷикистон даъват мекунам, ки фавран Хайрулло Мирсаидовро озод намоянд ва кафолат диҳанд, ки рӯзноманигорон бидуни тарси таъқиб тавонанд масоили аҳамияти иҷтимоидоштаро оммавӣ кунанд”,-изҳор доштааст Дезир.

Додгоҳи Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидовро дар шоҳидии бардурӯғ, сохтакорӣ ва исрофи 124 ҳазор сомонӣ гунаҳкор донист, ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Мирсаидов баробари рӯзноманигорӣ роҳбарии дастаи зарифони Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ӯ моҳи декабри соли 2017 баъди шикояташ аз фасодкории раиси раёсати Кумитаи кор бо ҷавонон дар вилояти Суғд боздошт гардид.