Бонки Миллӣ: Коҳиши воридоти газ ва ҷаҳиши нархи он таваррумро боло бурд

Сатҳи таваррум дар моҳи қаблӣ дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 0,5 фоизро ташкил дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон моҳи июни соли ҷорӣ сатҳи таваррум ба 0,5 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта ба андозаи 0,1 банди фоизӣ кам мебошад.

Манбаъ таъкид кардааст, ки таваррум дар моҳи гузашта асосан аз ҳисоби афзоиши нархи молҳои ғайрихӯрокворӣ — 1,7 фоиз ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ — 2,1 фоиз боло рафтааст.

Ба иттилои Бонки миллӣ нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 0,5 фоиз арзон шудааст.

"Фароз": болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон тақсири ширкат нест

Манбаъ таъкид кардааст, ки дар сохтори молҳои ғайрихӯрокворӣ дар моҳи июн бештар нархи гази моеъ қимат шуда, 33 дарсад афзоиш ёфтааст. Бонки миллӣ сабаби болоравии нархи газро ба коҳиши воридоти он ба бозори кишвар рабт додаст. 

“Тибқи омори гумрукӣ, дар моҳи июни соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 27,8 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардидааст, ки ин нишондод нисбат ба моҳи гузашта (моҳи майи соли равон) ба андозаи 22,1 дарсад (7,9 ҳазор тонна) кам мебошад”, — шарҳ додааст БМТ.