Таҳқиқи сузанхалонӣ ба фарзанд: модари муттаҳамро аз кӯдакаш ҷудо намекунанд

Айни ҳол барои ворид нашудани халал ба тафтишот маълумоти бештар ифшо намешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Муҳайё Каримова  —  модари 26-солаи Мудассир Каримов,  ки феълан дар бемористон қарор дорад, то анҷоми тафтишот дар бари тифли бемораш Мудассир Каримов дар бемористони Қаряи Боло  мемонад.

Ёдрас мешавем, Муҳайё Каримова дар ҷой додани 10 сӯзан ба бадани фарзанди 9-моҳааш муттаҳам мешавад.

Тавре сухангӯи ВУД ҶТ Умарҷони Эмомалӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, айни замон  таҳқиқи қазия идома дорад.

"Нисбати модари Мудассир Каримов парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳоло модару кӯдак дар бемористон ҳастанд ва айни замон ба модар ҳабси пешакӣ таҳдид намекунад", —  гуфт сухангӯи ВУД.

Кӯдаке, ки дар баданаш 16 сӯзан ёфта буданд аз беморхона ҷавоб шуд

Тавре вай афзуд, чораҷӯиро нисбати зан ҳолати ниҳоии тафтишот муайян хоҳад кард.

"Пизишкон бояд ҳолати равонии Муҳайё Каримоваро санҷанд", — таъкид дошт вай.

Айни замон зан зери назорати шабонарӯзии кормандони ҳифзи ҳуқуқ назди фарзандаш мемонад.

Ба гуфтаи Умарҷони Эмомалӣ, бо мақсади ворид накардани  халал ба тафтишот,  маълумоти бештаре ифшо намегардад.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки дар Тоҷикистон дар бадани як тифли 9-моҳа 10 сӯзан пайдо карданд. Аввал наздикони кӯдак мегуфтанд, ки намедонанд, омили ворид шудани ҷисмҳои бегона ба кӯдак дар чист.

Дератар ВУД эълом кард, ки сӯзанҳоро модари тифл ҷой додааст.

Айни замон пизишкон 6 сӯзанро берун карда, барои ҷарроҳии дигар омодагӣ мебинанд.

Пизишки тоҷики муқими Маскав Абдулло Давлатов бар он аст, ки "модари солим ба расонидани ҷароҳат ба фарзандаш қодир нест".

"Ман боварӣ дорам, ки пизишкон дар модар иллати рӯҳие пайдо мекунанд", — гуфт Давлатов ба Sputnik Тоҷикистон.