ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Қурби доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон дар як шабонарӯз 26 дирам боло рафт. Дар ҳоли ҳозир дар нуқтаҳои мубодилаи асъор 1 долари амрикоӣ 9 сомониву 43 дирам арзиш дорад.
Дар ҳоле ки рӯзи пеш дар нуқтаҳои мубодилаи асъор қурби доллар 9 сомониву 17 дирам буд.
Афзоиши қурби асъори хориҷӣ, ки одатан болоравии нархи молу маҳсулоти дигарро дар пай дорад, боиси нигаронии мардум шудааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо изҳори нигаронӣ суол кардаанд, ки чаро дар бозори асъор тайи муддати кӯтоҳ ҷаҳиши назаррас рух додааст.
Бонки Миллӣ дар шарҳи болоравии арзиши асъори хориҷӣ гуфтааст, қурби фурӯши доллари ИМА-и нақд бо сомонӣ дар бозори ғайрирасмӣ 4,5 фоиз баланд шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7,2 фоиз пасттар аст. Ба иттилои манбаъ ҳамин давраи соли гузашта баландшавии қурби доллар муодили 11,7 фоиз буд.
Бонки миллӣ далели номуътадил гаштани вазъи бозори дохилии асъорро зери таъсири омилҳои берунӣ мондани пули миллӣ арзёбӣ кардааст.