Дастури Рустам Эмомалӣ барои иҷрои бечунучарои супоришҳои президент

Шаҳрдор ба масъулин дастур дод, ки ҷиҳати иҷрои бечунучарои супоришҳои раисҷумҳур саҳм гузоранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Шаҳрдори пойтахт Рустам Эмомалӣ имрӯз, дар як нишаст дар толори Ҳукумати пойтахт аз масъулин иҷрои бечунучарои супоришҳои кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро талаб кард. Дар ин бора дафтари матбуотии Ҳукумати шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, имрӯз, 11 июл дар пойтахт иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи Душанбе, даъвати панҷум баргузор шуд.
Дар кори маҷлис раиси шаҳр, муовинони раис, масъулини Ҳукумат ва роҳбарони муассисаву сохтор ва корхонаҳои шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Чанде аз муовинони раиси шаҳр дар назди масъулин ва раиси шаҳр ҳисобот доданд.

Гуфта мешавад, дар рӯзномаи маҷлис масоили фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳр, истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, соҳаи фарҳанг ва кабудизоркунии пойтахт баррасӣ гардид.

Рустам Эмомалӣ дар анҷоми нишаст ба масъулин дастур додааст, ки ҷиҳати иҷрои супоришҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор бошанд.

"Бо дарназардошти баргузории чорабиниҳои муҳим дар нимаи дуюми сол дар пойтахт ва бо мақсади бартараф кардани нуқсону камбудиҳои мавҷуда  Рустами Эмомалӣ ба муовинони раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт, масъулини сохторҳои зертобеи Ҳукумати Душанбе  ва вакилони халқ дастур дод, ки ҷиҳати иҷрои бечунучарои дастуру ҳидоятҳоикишвардор  Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзандаи худро гузоранд", — менависад манбаъ.

Ҳамчунин шаҳрдор диққати иштирокдоронро ба иҷрои тарҳҳои Ҳукумати шаҳр ба татбиқи сариавақтии қарорҳо ҷалб кардааст.