"Суғд-2018" дар Хуҷанд: намоишгоҳи бузург ва фазои аҷиб

Sputnik

Дар шаҳри Хуҷанд панҷумин Намоишгоҳи байналмилалии тиҷории "Суғд-2018" баргузор шуд. Дар маросими ифтитоҳи он раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.

Дар намоишгоҳи мазкур аз Осиёи марказӣ, Аврупо, Русия ва Аморати Муттаҳидаи Араб беш аз 200 ширкатҳои тиҷорӣ ширкат варзиданд.

Маҳсулоти гуногун ба монанди либосаву хӯрока ва технологияи навин пешниҳод шуда буд.

Танҳо аз Узбакистон дар "Суғд-2018" 120 ширкат иштирок карданд.

Тамошобинони намоишгоҳ аз маҳсулоти пешниҳодшуда дидан карда, бо бахшҳои ҷолиби намоишгоҳ — ҷаҳонгардӣ ва рушди тиҷорат ошно шуданд.

Гузориши аксии Sputnik Тоҷикистонро аз ҷараёни баргузории намоишгоҳ инҷо тамошо кунед.

1 / 19
Дар шаҳри Хуҷанд намоишгоҳи байналмилалии тиҷории "Суғд-2018" баргузор шуд
2 / 19
Имсол дар намоишгоҳ беш аз 200 ширкатҳои тиҷоратӣ аз Тоҷикистон, Узбакистон, Русия, Аморати муттаҳидаи Араб ва дигар китшварҳо иштирок намуданд
3 / 19
Ин панҷумин намоишгоҳи тиҷорист, ки дар сатҳи байналмилалӣ дар Хуҷанд баргузор мешавад
4 / 19
Намоишгоҳ дар "Қасри варзиш"-и Хуҷанд баргузор шуд. Дар иншоот ҳамаи ширкатҳоро ба роҳат ҷой доданд
5 / 19
Намоиши либосҳои миллии рангоранг таваҷҷуҳи тамошобинонро ҷалб мекард
6 / 19
Мизҳои пур аз меваи хушку адвияҳои хушбӯй тамошобинонро саргарм карда буд
7 / 19
Меваҳои тару тоза аз Тоҷикистон хориҷиёнро мафткун карданд
8 / 19
Тарбуз...
9 / 19
Гелосу олу..
10 / 19
Тамошобинон бо шавқу ҳавас аз молҳои дохиливу хориҷӣ дидан мекарданд
11 / 19
Нақшу нигори тоҷикӣ болишту тоқиҳоро зеботар карда буд
12 / 19
"Лухтак" -яке аз машҳуртарин туҳфаҳои тоҷикӣ
13 / 19
Аксарият ба маҳсулоти хӯроквории корхонаҳои гуногун аҳамитяи хос медоданд...
14 / 19
Масалан, маҳсулоти гӯштӣ талаботи бештар дошт
15 / 19
Бештари тамошобинон бо кӯдакони худ омаданд
16 / 19
Колоро на танҳо дар дохили "Қасри варзиш", балки дар саҳни бино ба намоиш гузошта буданд
17 / 19
Барои мислол, дар саҳн тракторҳои белорусӣ ба намоиш гузошта шуда буд
18 / 19
Чойнаку пиёлаи Узбакистон дар Тоҷикистон серхаридор аст
19 / 19
Дар ҳошияи намоишгоҳ байни Тоҷикистну Русия чанд санади муҳим низ ба имзо расид