ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Се наврас барои қасди таркондани бинои шаҳрдории Панҷакент аз 5,5 то 6,5 сол равонаи зиндон шуданд.
Тибқи иттилои Додгоҳи вилояти Суғд маҳкумшудагон иттилоъ дар бораи тарзи таҳияи маводи таркандаро тариқи интернет дарёфт карда, таркондани шаҳрдориро тарҳрезӣ кардаанд.
"Ғуфрон Ҳайдарови 17-сола, ки замони содир кардани ҷиноят 16 сол дошт, ба 6,5 соли зиндон ва ду ҳамсоли дигараш-Миркамоли Ҷаббору Муродбек Ҳайдаров барои 5,5-солӣ равонаи зиндон гардидаанд. Ҳар се дар терроризм ва иштирок дар ҳаракатҳои экстремистӣ гунаҳкор дониста шуданд", — иттилоъ додааст РИА Новости аз қавли Додгоҳи вилояти Суғд.
Бар асоси тафтишот маҳкумшудагон аввали соли 2017 боздошт гардидаанд. Онҳо, ки бо ҳам пайванди хешутаборӣ доранд, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо узви созмони террористии "Давлати исломӣ" тамос барқарор карда, таҳти роҳбарии ӯ дастгоҳи таркандаро омода намудаанд.
Манбаъ афзудааст, ки дар мурофиаи додгоҳӣ сабти овоз ва мукотиботи маҳкумшудагон бо узви "ДОИШ" пешниҳод гардидааст, ки дар он нақшаи террор баррасӣ мешавад. Тамосро тариқи шабакаҳои IMO ва Zello барқарор кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки тобистони соли 2015 Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феҳрасти сомонаҳои мамнуъро нашр карда буд, ки Zello низ шомили он мебошад.