Маслиҳати Шӯрои уламо барои истифодаи фоида аз марказҳои букмекерӣ

Шӯрои уламои Маркази исломӣ аз ҷавонон хостааст, ки вақти гаронбаҳояшонро дар марокизи букмерӣ зоеъ накунанду ба омӯзиши илму ҳунар сарф намоянд ва ҳатман комёб хоҳанд шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон тавсия додааст, ки даромад аз идораҳои букмекерӣ пурра ба ниёзмандон дода шавад.

Ин ниҳод дар посух ба суоли корбарони сомонааш дар мавриди истифодаи фоида аз идораҳои букмекерӣ тавсия додааст, "маблағе, ки аз ҳисоби букмерӣ ба даст меояд, ҳамаи онро ба ниёзмандон сарф кунед".

Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар хитоб ба ҷавонон афзудааст, ки вақти гаронбаҳояшонро дар марокизи букмерӣ зоеъ накунанду  ба омӯзиши илму ҳунар сарф намоянд ва ҳатман комёб хоҳанд шуд.

Тавсияи Шӯрои уламо дар ҳолест, ки феълан бозори букмекерӣ дар марҳилаи бозиҳои футбол барои Ҷоми Ҷаҳон-2018 гарм буда, ҷавонони зиёде вақти худро дар марокизи букмекерӣ сарф мекунанд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки бархе аз ҷавонони тоҷик барои пешгӯии дақиқи натиҷаи бозиҳо ҳатто аз хидмати фолбин истифода кардаанд, аммо муваффақ нашудаанд.