Садамаи марговар дар шоҳроҳи Ҳисор-Душанбе

Дар шоҳроҳи Ҳисор-Душанбе ба сабаби бархурди ду худрав як нафар ба ҳалокат расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Дар шоҳроҳи Ҳисор-Душанбе дар пайи бархурди ду худрав як нафар ба ҳалокат расид ва як ноболиғи дигар ҷароҳат бардоштааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти ВУД ҶТ.

Бино ба иттилои манбаъ ронандаи худрави "Мерседес-Бенс", Муродов Алишер, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Алмосии шаҳри Ҳисор ба самти шаҳри Душанбе, ба худрави "Опел-Астра"-и, таҳти идораи Билолов Хуршед, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Шаҳринав, бархӯрдааст.

"Дар натиҷа, мусофири худрави "Опел-Астра" Юлдошев Аҳлиддин, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", — тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Дар ҳамин ҳол мусофири дигари худрав, хонандаи синфи панҷ Каримова Меҳронаи 12 сола, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.