Барқия ба Император: Андуҳи Э.Раҳмон аз борони маргбор дар Ҷопон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Акихито, Императори Ҷопон барои талафоти ҷонию модии ин кишвар аз боришот изҳори ҳамдардӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба  Акихито, Императори Ҷопон барои талафоти ҷонию модии ин кишвар аз боришот изҳори ҳамдардӣ кардааст.

“Хабари рух додани офатҳои табиӣ дар натиҷаи боришот дар минтақаҳои марказӣ ва ҷанубу-ғарбии Япония, ки боиси ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардид, моро сахт андӯҳгин намуд”, -омадааст дар барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Акахито.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз Императори Ҷопон хоҳиш кардааст, ки ҳамдардии амиқро қабул фармуда, ба наздикони қурбоншудагон тасаллиёти самимиашро бирасонад. Ӯ барои осебдидагон шифои комил орзу намудааст.

Тибқи иттилои нашршуда бар асари борони шадид, ки дар Ҷопон ҳафтаи гузашта оғоз гардид, то ҳол беш аз 150 нафар ҷон дода, даҳҳо нафари дигар беному нишон гардидаанд.