Дар Суғд милисаҳо занеро лучи модарзод карданд

Милисаҳои тоҷик бо баҳонае занро иҷборӣ луч кунонидаанд, ки гӯё вай зери либосаш дастгоҳи сабти овозро пинҳон карда бошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дар вилояти Суғди Тоҷикистон кормандони милиса занеро ҳангоми пурсуҷӯ иҷборан луч кунонидаанд, хабар медиҳад ТоҷикТА.

Бино бар иттилои манбаъ, Кибриё Юлдошева, зани 33-солаи тоҷире мавриди таҳқири кормандони ВУД қарор гирифтааст. Кибриёро моҳи май ба иттиҳоми тақаллуби ҳуҷҷат боздошт карда буданд.

Даъвати Раҳимзода аз милисаҳои Бохтар: софдилона хидмат кунед

Ба гуфтаи Юлдошева, ӯро се корманди Шӯъбаи Вазорати умури дохила дар ноҳияи Спитамен бозпурсӣ кардаанд.

Ба гуфтаи ҷабрдида, милисаҳо ӯро бо баҳонае, ки гӯё зери таҳпӯшаш дастгоҳи сабти овозро пинҳон кардааст, лучи модарзод кунаниданд.

Зан чанд соат ба саволҳои "аҷиб"-и милисаҳо дар ҳамин ҳолат посух гуфтааст.

Додситонии вилояти Суғд бо ин далел парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он кормандони милисаи вилояти Самарқанди Узбакистон занеро иҷборан луч мекунаниданд.

Баъдтар маълум шуд, ки корманди милиса аз мақомаш барканор шуда, ба ҳабс гирифта шудааст.