Ҷузъиёти насби чархаи №6-и "Роғун" ва эълони санаи фаъолсозӣ

Манбаъ шароити насби чархаи нахустинро мушкил арзёбӣ карда, афзудааст, ки насби он ҳамзамон бо корҳои танзиму таркишу буриш дар майдони сохтмон сурат гирифт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Ширкати "Днепр-Спетсгидромантаж" бо нашри як иттилоия ҷузъиёти насби нахустин чархаи нерӯгоҳи барқи обии "Роғун"-ро баён доштааст.  

Тибқи иттилоияи ширкати "Днепр-СГЭМ" насби нахустин чарха бо вазни 850 тонна дар "Роғун", панҷшанбеи 5-уми июл соати 21-00 якҷоя бо сармуҳандисони корхонаи "Электротяжмаш" амалӣ гардид.

Манбаъ шароити насби чархаи нахустинро мушкил арзёбӣ карда, афзудааст, ки насби он ҳамзамон бо корҳои танзиму таркишу буриш дар майдони сохтмон  сурат гирифт.  

"Бар асоси нақшаи корӣ фаъолсозии чархаи №6, нахустин чархаи нерӯгоҳи "Роғун" 16-уми ноябри соли ҷорӣ ва чархаи дуюм-№5, соли 2019 дар назар аст", — афзудааст манбаъ.

Дар маҷмуъ дар "Роғун" насби 6 чарха бо иқтидории умумии 3600МВт дар назар аст ва интизор меравад, ки ин иншоот бо садди 335 метрӣ бузургтарин дар минтақа хоҳад буд.