Аз ҳисоботи масъулин то супоришҳо ба Рустам Эмомалӣ: машаварати кории Эмомалӣ Раҳмон

Раисҷумҳур бо иштироки муовини нахуствазири кишвар, раиси шаҳри Душанбе раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳо машварати корӣ анҷом дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, машварати кории раисҷумҳур бо масъулин ба мавзӯи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва омодагӣ ба мавсими зимистони 2018-2019 дар Душанбе бахшида шуда буд.

Бино бар иттилои манбаъ, нахуст ҳисоботи муовини нахуствазир, намояндаи раисҷумҳур дар шаҳри Душанбе  Азим Иброҳим шунида шуд. Муовини нахуствазтир аз омодагиҳои пойтахт ба таҷлили 30-солагии Истиқлолият ҳисобот дод.

"То ҷашн дар Душанбе сохтмони биноҳои таъиноти иҷтимоӣ, аз қабили мактабҳо, боғчаҳои бачагон, марказҳои саломатӣ, иншооти гуногуни маишию маданӣ ва хизматрасонӣ, ҳаммом, сартарошхона, толорҳои кошонаи ҳусн, майдончаҳои варзишӣ ба нақша гирфта шудааст", — таъкид доштааст Азим Иброҳим.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин машварат ҳамчунин ба шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ супоришҳои вижа додааст.

"Супоришҳои дигар ба роҳбарияти шаҳрдории Душанбе барои омодагӣ ба мавсими зимистони солҳои 2018-2019, таъмини пурраи иншоотҳои пойтахт бо гармӣ ва неруи барқ, захираи зарурии маводи хӯрока ва сӯзишворӣ, инчунин дигар корҳои ободонӣ дода шуд", — афзудааст манбаъ.

Ёдовар мешавем, ҳанӯз 19 декабри соли 2017  Фармони раисҷумҳури Тоҷикистон "Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба имзо расида буд, ки тибқи он соли 2021 дар саросари кишвар ин иди умумимиллӣ бояд дар сатҳи баланд ва бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардад.