Дар Душанбе хатсайри автобуси 8 пурра ба пардохти ғайринақдӣ гузашт

Хатсайри автобусии №8 аз маҳаллаи Зарафшон то фурудгоҳи Душанбе пурра ба пардохти ғайринақдӣ гузашт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Хизматрасонӣ дар хатсайри автобусии №8  пурра ба таври ғайринақдӣ роҳ монда шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе.

Бино бар иттилои манбаъ,   пардохти ҳаққи роҳкиро дар хатсайри мазкур минбаъд танҳо тавассути корти ягонаи Citycard сурат мегирад.

Шаҳрдорӣ аз сокинони пойтахт хоҳиш кардааст, ки кортҳои электрониро аз терминалҳои назди истгоҳҳо, нуқтаҳои фурӯш ва мағозаҳои фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳо дастрас намоянд.

Лозим ба ёдоварист, ки аз 1-уми апрели соли ҷорӣ дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе корти ягонаи Cityсard амал мекунад.

Акнун, замони вуруд ба автобус ё тролейбус, дигар интизор шудан лозим нест, ки кай назоратчӣ ба назди шумо меояд. Ба нақлиёт даромада, корти худро бояд ба валидатор гузошт. Дар сурати будани маблағи кофӣ барои сафар, дар табло вожаи "ташаккур" номоён мегардад, ва дар ҳолати набудани маблағи зарурӣ, ибораи — "қабул нашуд.

Нофаҳмӣ: Шаҳрдорӣ дубора нархи роҳкироро дар Душанбе арзон кард

Шумо корти нақлиётро метавонед қаблан аз терминалҳо ва дӯконҳо харед, ки дар истгоҳҳои нави нақлиёти ҷамъиятии Душанбе, ҷойгиранд.

Барои он сокинони шаҳр, ки пайваста нақлиёти ҷамъиятиро истифода мебаранд, корти нави сафари 10 сомона баромадааст. Ба ин корт метавон маблагузорӣ кард, ки таъруфаи онро қонунгузорӣ муқаррар намудааст.

Қайд карда мешавад, ки ҳангоми маблагузории якбора дар ҳаҷми 50 сомонӣ, ба Шумо тахфифи 15%-а барои сафар дар муддати 90 рӯз пешниҳод мешавад.

Ҳамчунин дар муомилот кортҳои 4 ва 8 сафара вуҷуд доранд. Ин кортҳо муваққатянд, онҳо мутаносибан 5 ва 10 рӯз амал мекунанд, ки асосан барои меҳмонони пойтахт, пешбинӣ шудаанд.

Барои нафақахӯрон, маъюбон ва ашхоси дигаре, ки ба онҳо барои сафар дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳр имтиёз дода мешавад, дар шӯъбаҳои кумаки иҷтимоии чор ноҳияи пойтахт кортҳои махсус ироа мегардад.