ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Пулиси Маскав як зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми дуздии амволи мухлиси футбол аз Бритониё ба андозаи 2 миллион рубл, боздошт кардааст.
Тибқи иттилои РИА Новости, боздоштшуда дар дуздии соати дастии навъи Rolex, телефони iPhone ва маблағ айбдор мешавад.
"Субҳи 8 июл маълумот ворид гардид, ки мухлиси футбол аз Бритониё, соли таваллудаш 1961, дар ҳолати номуайян соати дастӣ, телефон ва маблағ, ҷамъ бо арзиши 2 миллион рублро гум кардааст", — хабар додааст манбаъ.
Дар пайи дарёфти иттилоъ, худи ҳамон рӯз бо иттиҳоми ин ҷиноят шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1988 боздошт гардидааст. Боздоштшуда дуздии амволи мухлиси бритониёиро эътироф кардааст. Таҳқиқот муайян намудааст, ки дуздӣ дар таксӣ сурат гирифтааст. Феълан таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.