ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Бино ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона +21+26 ва рӯзона +38+43 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво боронӣ гашта, шабона +12+17 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво қисман абрӣ шуда, вазиши сахти шамол то 12-17 метр дар як сония мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона +22+27 ва рӯзона +38 + 43 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона 18-23 ва рӯзона ба 36-41 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе софу беғубор мешавад. Ҳаво шабона 20+22 ва рӯзона +39+41 дараҷа гарм мешавад.