Бозгашти пасвандҳои русӣ ба номҳои хонаводагии тоҷикон

Теъдоде аз тоҷикон иқдом ба гузоштани дубораи пасвандҳои русӣ ба номҳои хонаводагии худ кардаанд, ки ба фишори полис Русия бар коргарон муҳоҷири тоҷикистонӣ иртибот дорад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории Парс тудэй, теъдоди зиёде аз тоҷиконе, ки дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир фаъолият мекарданд, пас аз бозгашт ба кишвар иқдом ба дарёфти гузарномаҳои ҷадид бо номи хонаводагии ҳамроҳ бо пасвандҳои русӣ кардаанд.

Абдурраҳим Зулфониён корманди аршади Кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар гуфтааст, ин афрод муддаӣ шудаанд дар Русия ба далели вуҷуди пасвандҳои "зод", "зода", "ниё ", "ён", "фар" ва амсол он, дучори фишор ва мушкил шудаанд ва маҷбуранд, дубора ба номгузории русӣ баргарданд.

Аз ин рӯ теъдоди зиёди сокинони ноҳияҳои Шаҳристон, Истаравшан, Мастчоҳ, Ёвон ва Спитамен иқдом ба гузоштан пасвандҳои русии "ов" ва "ова" ба номҳои хонаводагии худ кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки мақомдорони тоҷик кӯшиш доранд, пасвандҳои русиро аз номҳои худ бардошта, ному насабашонро тоҷикӣ кунанд. Чунинчи, пештар Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов насабашро ба шакли "тоҷикӣ" иваз карда буд.

Чанде пеш, ВУХ ҶТ дар як хабаре номи вазирро Сироҷидин Мухриддин навишт ва бо ҳамин ба расонаҳо ва шаҳрвандони кишвар маълум шуд, ки вазири умури хориҷа низ аз насаби русӣ даст кашидааст.