ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Уламои Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия додаанд, ки"барои раҳо шудан аз сеҳру ҷоду аз ояҳои Қуръон ва оби Замзам истифода кунанд.
Тавре дар вебгоҳи ниҳод гуфта мешавад, Солуҳуддин ном корбари сайти Шӯрои уламо аз кормандони Маркази исломӣ пурсон шудааст, ки "аз сеҳру ҷоду чигуна метавон раҳо шуд?".
"Ассалому алайкум. Агар нафаре гирифтори сеҳру ҷоду бошад ва сеҳр ё сеҳркунандаро пайдо накунад, ӯро чӣ гуна муолиҷа бояд кард, то ки аз ин сеҳру ҷоду халос шавад?", — менависад пурсанда.
Уламо посух додаанд, ки дар ин қазия метавон ҳам аз ояҳои қуръонӣ — "Оятул-Курсӣ", сураҳои "Ёсин", "Ториқ", "Шарҳ", "Кофирун", "Ихлос", "Фалақ" ва "Нос" ва ҳам аз оби Замзам истифода кард.
"Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, барои табобати сеҳру ҷоду сураҳои зайл хонда мешавад: Сураи "Фотиҳа", "Оятул-Курсӣ", сураҳои "Ёсин", "Ториқ", "Шарҳ", "Кофирун", "Ихлос", "Фалақ" ва "Нос". Илова бар ин, нўшидани оби Замзам бо сидқу ихлоси комил сабаби раҳоӣ аз сеҳру ҷоду аст. Худованд ба бемори шумо шифои комил ато фармояд", — менависад манбаъ.
Ёдрас мешавем, ҳанӯз дар соли 2015 Ҳукумати Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноӣ тағйиру иловаҳоеро пешниҳод намуд, ки тибқи он фолбонӣ ва сеҳру ҷоду дар кишвар ҷиноят ҳисобида мешуд.
"Тибқи иловае, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ҷавобгарии ҷиноӣ барои машғул шудан бо сеҳру ҷодугарӣ хеле шадид карда мешавуд, аз ҷумла ба муҳлати то 7 сол маҳрум намудан аз озодӣ пешбинӣ гардида буд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик тайи солҳои охир мубориза алайҳи сеҳру ҷоду ва фолбинҳоро шадид карда, бисёре аз боздоштшудагонро аз рӯи моддаи қаллобӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашиданд.