Мастӣ ба пастӣ: кордкашии марди маст дар назди бар

Дар пайи ҷанҷол муттаҳам кордеро гирифта ба шиками ҷавони 23-сола, сокини деҳаи Элоки ноҳияи Рӯдакӣ задааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik.  Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз авбошии марди 48-соле дар назди дӯкони фурӯши машрубот дар ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани амалиёти бозҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса марди 48-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони авбошӣ дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, муттаҳам шаби 5-уми июли соли 2018, тахминан соати 21:40-дақиқа, ҳангоми дар назди нуқтаи фурӯши машрубот, воқеъ дар деҳаи Истиқлол дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш, бо марди 23-солаи сокини деҳаи Элок ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба қисмати поёни шикамаш задааст. 

Девона гурез, ки маст омад: марди сархуш ҷавони гирифтори бемории рӯҳиро латукӯб кард

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ноҳия бистарӣ гардидааст. 

Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Пештар хабар дода шуд, ки дар Душанбе зане дар ҳолати мастӣ ба марди рус бо корд ва шиша ҳуҷум карда, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе, миллаташ рус, муроҷиат намудааст, ки рӯзи 20-уми июни соли 2018, тахминан соати 21:00-дақиқа, зани 28-солаи сокини пойтахт, миллаташ рус, дар ҳолати мастӣ ба хонаи истиқоматиаш омада, бо шиша ба сараш ва бо корди дар дасташ буда, ду маротиба ба пушташ задааст.

Дар натиҷа, номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.