Зани муҳоҷир ба Русия нарасида, дар ҳавопаймо таваллуд кард

Ҳавопаймои ширкати "Уральские авиалинии" ки аз Ӯш ба Екатеринбург парвоз дошт, бо сабаби гирифтани дарди зоиши як мусофир ба фурудгоҳи Ӯш баргашт. Аммо тифл дар ҳавопаймо ба дунё омад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Ҳавопаймои ширкати  "Уральские авиалинии",  ки аз шаҳри Ӯши Қирғизистон ба Екатеринбург  парвоз дошт, бо сабаби гирифтани дарди зоиши як  зани мусофир ба фурудгоҳи Ӯш баргашт, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

"Рӯзи шанбе соати 04:19 ҳавопаймои ширкати "Уральские авиалинии", ки аз Ӯш ба Екатеренбург парвоз дошт, пас аз чанд дақиқаи парвоз дархости нишасти изтирорӣ кард. Як зани мусофирро, ки ҳомила буд, дарди зоиш гирфт ва тифл бо кӯмаки меҳмондорони ҳавопаймо ба дунё омад", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Гуфта мешавд, ки дар фурудгоҳ занро ёрии таъҷилӣ интизор буд ва зан ва кӯдаки навзод фаврӣ ба бемористон интиқол дода шуданд.