Давлатманд Холов ба саҳна баргашт

Ин бор ҳунарманд дар Париж ҳунарнамоӣ кард ва фаронсавиҳоро тасхир кард. Пештар Давлатманд Холов изҳор дошта буд, ки пас аз баромад дар "Шоми дӯстӣ" саҳнаро тарк мекунад ва ба деҳқонӣ машғул мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, роҳбари Ансамбли давлатии "Фалак"-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатманд Холов дар барномаи Шоми фарҳангии Тоҷикистон дар Фаронса ҳунарманоӣ кард.

Тавре Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса хабар медиҳад, чанде пеш дар Париж Шоми фарҳангии Тоҷикистон дар Фаронса баргузор шуд, ки дар он яке аз чеҳраҳои шинохтаи санъати тоҷик Давлатман Холов низ ширкат дошт.

"Дар барнома Ҳунарпешаи  халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов ва устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон Шавқатҷон Оқилов  ҳунарнамоӣ ва ширкаткунандагонро ба ваҷд оварданд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Давлатманд Холов бо овозхонони Белгия дар Душанбе ҳунарнамоӣ кард

Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳои Франсия, ҳайати дипломатии кишвари иқомат, гурӯҳҳои тиҷоратӣ, доираҳои илмӣ-фарҳангӣ, инчунин тоҷикони муқими  ин кишвар ва дӯстони Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Зимни чорабинӣ  бо мақсади муаррифии бештари кишварамон мизи миллии тоҷикӣ пешкаши меҳмонон гардида, гӯшаи ҷудогона бо лавҳаю овеза ва аксҳои ҷолиб ба маърази  тамошо гузошта шуданд.

Ёдрас мешавем, Давлатманд Холов пештар дар як мусоҳиба бо хабарнигорон гуфта буд, ки пас аз ҳунарнамоӣ дар барномаи  "Шоми дӯстӣ" саҳнаро тарк мекунд ва ба деҳқонӣ машғул мешавад.