Ҳушдор: ҳарорат дар Тоҷикистон аз имрӯз баландтар мешавад!

Обуҳавошиносон "бонги хатар" мезананд: аз соконону меҳмонони кишвар даъват карда мешавад, ки дар ин рӯзҳои гармӣ худ ва кӯдакони хурдсолашонро эҳтиёт кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок гашта, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон дар назар аст. Шурӯъ аз имрӯз гармии ҳаво рӯ ба баландшавӣ меорад.

Ба иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, вазиши шамол то 12-17 метр дар як сония мерасад. Дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво боронӣ гашта, шабона +11+16 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона +21 +26 ва рӯзона +36 + 41 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки боронӣ шуда, ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона ҳарорат ба 18-23 ва рӯзона ба 34-39 дараҷа мерасад.

Сокинони пойтахт- шаҳри Душанберо чун рӯзҳои қаблӣ ҳавои муътадил ва қисман абрноки бебориш интизор аст. Шабона 18+20 ва рӯзона +36+38 дараҷа гарм мешавад.