ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон сафар кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳур.
Бино бар иттилои манбаъ, раисҷумҳур имрӯз, 6 июл бо мақсади анҷоми сафари корӣ вориди Остона мешавад.
Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, нахуствазир Қоҳир Расулзода ва роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур Озода Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.