Дӯст он бошад...: тоҷикон дар фурӯнишондани оташ ба қирғизҳо кӯмак карданд

То расонидани оташнишинони қирғиз, ки роҳашон дуртар будааст, кормандони Хадамоти оташнишонии Тоҷикистон ба кӯмаки ҳамтоёни худ шитофтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Бино бар иттилои ТоҷикТА, аз Хадамоти сӯхторхомӯшкунии Тоҷикистон барои фурӯ нишондани оташ дар нуқтаи фурӯши сӯзишворие дар ноҳияи Лайлак се гурӯҳи оташнишонӣ сафарбар шуданд.

Дар инфиҷори бузург дар Қирғизистон як шаҳрванди Тоҷикистон маҷрӯҳ шуд (НАВОР)

Сӯхтор дар ҳудуди марзи Тоҷикистону Қирғизистон — наздики ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон шоми 4 июл сар зад.

Гуфта мешавад, то расонидани оташнишинони қирғиз, ки роҳашон дуртар будааст, кормандони Хадамоти оташнишонии Тоҷикистон ба кӯмаки ҳамтоёни худ шитофтанд.

Дар маҷмӯъ, сӯхторро як гурӯҳи оташнинонӣ аз Қирғизистон ва се гурӯҳ аз Тоҷикистон хомӯш кардаанд. Пештар хабар дода шуд, ки дар пайи сӯхтор таркиши шадиде ҳам рух дод. дар натиҷа, як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҷароҳат бардоштааст.