Муҷозоти ду милиса барои ба доди мардум нарасидан

Ҷамшед Олимов ном корбари Фейсбук аз кормандони ВУД шикояте карда, "Ба Вазорати корҳои дохилӣ ва 2212121 эътимод надорам" навиштааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон ду милиса барои вайрон кардани оинномаи интизомии мақомоти корҳои дохилӣ муҷозот шудаанд. Дар ин бора Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ,  чанде пеш Ҷамшед Олимов дар "Фейсбук" бо номи "Ба Вазорати корҳои дохилӣ ва 2212121 эътимод надорам" ёддоште навишт.

Вай дар ёддошт аз  лату кӯби як марди номукаллаф аз ҷониби шахси номаълум ва дағалона вайрон шудани тартиботи ҷамъиятӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақл мекард. Ин қазияро ВУД ҶТ мавриди баррасӣ қарор додааст.

"Зимни санҷиш муайян кардааст, ки маълумоти мазкурро 16-уми июни соли 2018, соати 14:30-дақиқа, навбатдори оперативии қисми навбатдории ШВКД дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе, капитани милитсия Одинаев М.С. қабул кард", — меафзояд манбаъ.

Капитани милиса ба ҷои сари вақт гурӯҳи фаврӣ-тафтишотиро ба ҷои ҳодиса равон кардан танҳо ваколатдори оперативии шуъбачаи кофтукови ҷиноятии шуъбаи мазкур, майори милитсия Ассоев М.И.-ро равон кардааст, ки номбурда сари вақт ба ҷои ҳодиса ҳозир нашудааст.

"Барои дағалона вайрон кардани оинномаи интизомии мақомоти корҳои дохилӣ  ба  майори милиса Ассоев М.И. ва  капитани милитсия Одинаев М.С. ҷазои интизомии "Танбеҳ" татбиқ карда шуд", —тавзеҳ медиҳад ВУД.

Вазорат меафзояд, телефони боварӣ 221-21-21 ва "Мадад-1919" ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намуда, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ тамоми тадбирҳоро меандешанд, ки арзу муроҷиати шаҳрвандон сари вақт ба қайд гирифта шуда, ҳаматарафа санҷида шаванд ва аз рӯи ҳар кадоми онҳо қарори қонунӣ қабул карда шавад.