Ҳушдори қатъии ҳавошиносон: аз 7 то 10 июл гармии ҳаво шиддат мегирад

Сокинон дар ин рӯзҳо ҳарчӣ бештар об нӯшанд ва аз нӯшидани нӯшокиҳои газдор, ширин ва спиртӣ худдорӣ намоянд. Матоъҳои аз либоси пахтагин омода шударо ба бар намуда, аз либосҳои рангашон равшан худдорӣ намоянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ҳушдор медиҳад, ки аз 7-ум то 10-уми июл дар Тоҷикистон гармии ҳаво шиддат мегирад.

КҲФ аз сокинон хоҳиш кардааст, ки дар ин рӯзҳо аз сайру гашт дар нимаи дуюми рӯз, нӯшидани нӯшокиҳои газдор ва оббозӣ дар обанборҳо худдорӣ намоянд.

"Нафароне, ки аз бемории фишорбаландӣ, диққи нафас ва бемории қалб ранҷ мекашанд, бояд тибқи тавсияҳои духтурон амал намуда, бе зарурат ба кӯча набароянд", — тавсия медиҳад ниҳод.

Коршиносон ҳамчунин маслиҳат додаанд, ки дар сокинон дар гармии ҳаво ҳарчӣ бештар об нӯшанд, аз нӯшидани нӯшокиҳои газдор, ширин ва спиртӣ худдорӣ намоянд. Матоъҳои аз либоси пахтагин омода шударо ба бар намуда, аз либосҳои рангашон равшан худдорӣ намоянд.

"Ҳангоми истироҳат ва оббозӣ бояд эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои бехатариро дар наздикии дарёҳо, ҷӯйборҳо ва ҳавзу обанборҳо риоя намоянд. Дар ин самт волидонро зарур аст, то нисбат ба фарзандони худ беаҳамиятӣ зоҳир нанамоянд, балки масъулиятпазир бошанд", — афзудааст манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, дар  натиҷаи гармии зиёд эҳтимоли обшавии пиряхҳо дар назар аст. Дар натиҷаи ин ҳолат омадани сел ва ярч дар доманакӯҳҳо имкон дорад.