Танҳо дар Рамазон не: роҳандозии назорати доимии нархҳо дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон нархи 16 маҳсулоти ниёзи аввали мардум танзим хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон қарор дод, ки назорати доимии нархи наворо дар кишвар роҳандозӣ кунад, хабар медиҳад ТоҷикТА.

Бино бар итилои манбаъ, қарори Ҳукумат "ба хотири ҳимояти иҷтимоии аҳолӣ аз балоравии нарх" ба тасвиб расид.

Манбаъ таъкид кардааст, ки қарори мазкур таҳти рақами 287 "Дар бораи номгӯи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд" рӯзи 31-уми майи соли ҷорӣ ба имзо расидааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зери ин қарор имзо гузошта ва Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистонро, масъули иҷрои қарори мазкур кардааст.

Тибқи ин қарор, нархи 16 навъи "маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ", аз ҷумла орд, нон, гандум, биринҷ, сабзавот, равған, маҳсулоти ширӣ, тухм ва ғайраҳо таҳти танзими давлатӣ қарор мегирад.

Лозим ба ёдоварист, ки нархгузории ин намуди маҳсулот то кунун дар бозорҳои Тоҷикистон озодона муқаррар мешуд.