Пизишкон аз бадани кӯдаки 9-моҳаи тоҷик 10 сӯзан ёфтанд

Дар пайи ташхиси рентгенӣ аз қисмҳои гуногуни кӯдак 10 сӯзан пайдо гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Пизишкони Маркази миллии тиббӣ (Қараболо) дар Душанбе аз бадани кӯдаки 9-моҳаи тоҷик 10 сӯзан пайдо карданд, хабар медиҳад ТоҷикТА.

Тавре манбаъ тавзеҳ медиҳад, рентген дар косахонаи сар, бинӣ, пой, гардан, қафаси сина ва дигар қисмҳои узви бадани кӯдак мавҷуд будани сӯзанро ошкор кард.

Кӯдаке, ки дар баданаш 16 сӯзан ёфта буданд аз беморхона ҷавоб шуд

Баъзе аз сӯзанҳо зери пӯсти кӯдак рафта буданд. Пизишкон дар ҷарроҳии аввал тавонистанд 6 сӯзанро  берун кунанд, чор сӯзани дигар дар бадани тифл мемонад.

Рӯзи 28 июн наздикони кӯдак ба бемористон муроҷиат карданд, ки аз коми тифл сӯзан пайдо карданд. Писарак оҷилан зери назорати табибон қарор гирфт.

Ба гуфтаи наздикони тифл, бемории кӯдак ҳис намешуд ва ҳаракатҳои вай оромона буданд.

Ба гуфтиа табибон, тифл наметавонист сӯзанҳоро мустақилона фурӯ барад ва агар ҳам мехӯрд, онҳо дар меъдаи вай дар мемонанд.

Пештар дар Узбакистон пизишкон аз бадани кӯдаки 11-моҳа 16 сӯзан ёфта буданд. Гуфта мешавад, ки ин сӯзанҳо наздики як моҳ дар бадани кӯдак будаанд.

Сӯзанҳоро дар бадани кӯдак дар ҳоле ёфтанд, ки модараш ба бемористон муроҷиат карду ӯро ташхис намуданд. Кӯдакро пас аз ташхис дар Маркази ҷумҳуриявии ёрии таъҷилӣ даррав ҷарроҳӣ карданд.

Дар муддати нӯҳ соати ҷарроҳӣ аз бадани кӯдак 13 сӯзан бароварда шуд.

Пас аз ташхис муайян шудааст, ки сӯзанҳо дар бадани ин кӯдак дар муддати як якуним моҳ будааст.

Нашрияи kun.uz аз қавли раҳбари шӯъбаи кӯдаконаи бемористони марказӣ, профессор Ҳабибулло Акимов навишта буд, ки чун сӯзанҳо дар қисмҳои гуногуни бадани кӯдак ҷойгир шудаанд, бармеояд, ки кӯдак худ 16 сӯзанро фурӯ набурдааст.