Раҳмон: сатҳи бенавоӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Дар ду соли охир сатҳи бенавоӣ дар Тоҷикистон 1,3 дарсад коҳиш ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,  имрӯз дар ҷаласаи шӯрои рушди миллӣ гуфт, ки соли гузашта дар кишвар сатҳи бенавоӣ 29,7 дарсад буд, ки ин дар муқойиса бо шохиси соли 2015 1,3 дарсадро нишон медиҳад.

Бино ба арзёбии созмонҳои ҷаҳонӣ сатҳи бенавоии комил 14 дарсад аст ва синфи миёна 24 дарсад аст.

"Соли 2017 сатҳи камбизоатӣ ба 29,7 фоиз расид, ки дар қиёс ба нишондиҳандаи соли 2015 аллакай 1,3 банди фоизӣ поён рафтааст. Фақри шадид бошад, тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ 14 фоизро ташкил дода, табақаи миёнаи аҳолӣ аз рӯи арзёбии пешакӣ ба 24 фоиз баробар шуд", — афзуд раисҷумҳур.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури ҶТ, Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон бо таъмини дараҷаи болои рушди иқтисод дар сатҳи 7 дарсад дар як сол ва боло бурдани ҳазинаи бахши иҷтимоъӣ ба чунин натиҷа даст ёфт.

Раҳмон таъкид кард, ки вазъияти беҳдошти мардум беҳбуд ёфт ва синни миёнгини мардум ба 73,5 сол, аз ҷумла, мардон ба 71,9 сол ва занон 75,7 сол расид.