Издивоҷи зани рус барои 25 ҳазор рубл бо як муҳоҷири тоҷик

Як шаҳрванди Тоҷикистон бо масраф кардани 25 ҳазор рубл дар Русия соҳиби ҳамсар шудааст. Аммо хушбахтии зану шавҳарро мудохилаи додситонӣ халалдор кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 июля — Sputnik. Як зан аз вилояти Новогороди Русия ба марди тоҷик ба ивази 25 ҳазор рубл никоҳи сохта баст, аммо пас аз се моҳ аз ин қазия додситонӣ бохабар гашт, хабар медиҳанд расонаҳои Русия.

Моҳи апрели соли 2018 марду зан расман ақди никоҳ баста, шаҳодатномаи никоҳ мегиранд. Аммо  "хушбахтии" онҳо дер давом намекунад.

Ҳангоми тафтишоти  ҷойгоҳи қонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия, додситонии ноҳияи Боровичскии вилояти Новгород ошкор кард, ки  марду зан аз лаҳзаи арӯсӣ бо ҳам зиндагӣ намекунанд, хоҷагии якҷоя надоранд ва соҳиби фарзанд нестанд.

Карусел, арӯсӣ ва куштӣ: навори таҷлили Наврӯз дар Ҳисор

Бино бар иттилои додситонӣ, шаҳрванди Тоҷикистон ба воситаи ин издивоҷ мехост, мӯҳре дар шиносномааш гузошта дар оянда соҳиби иҷозаи муваққатии иқомат дар Русия шавад.

Додситон кайҳо аризаи лағви ақди никоҳи сохтаро ба додгоҳи ноҳияи Боровичский равон кард. Ариза қабул шуда ва дар рӯзҳои наздик ақди никоҳ ва сабти иқомати муваққатии муҳоҷир бекор хоҳад шуд.