Рустам Эмомалӣ вакилони шаҳри Душанберо ба маҷлиси навбатӣ даъват кард

Аз вакилон хоҳиш карда шудааст, ки бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣпешниҳодҳои мушаххасро манзур намоянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ вакилони халқи шаҳри Душанберо ба иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъват кард.

Бино бар иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ, нишасти понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум 11 июл, соати 900 дар толори шаҳрдорӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 80 баргузор мешавад.

Бино бар иттилои манбаъ, ба рӯзномаи иҷлосия масоили татбиқи барномаҳои шаҳрдорӣ, ҳисоботи муовини раиси шаҳр, тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр ва ғайраҳо ворид карда шудаанд.

Аз вакилон хоҳиш  карда  шудааст,  ки бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣпешниҳодҳои мушаххасро манзур намоянд.