Боздошти 8 кӯҳнаварди рус дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон

Дар марз 8 шаҳрванди Русия, як шаҳрванди Полша, ду шаҳрванди Қирғизистон боздошт шуданд. Онҳо дар хати марзии Қирғизистону Тоҷикистон дар ҳуди марзи давлатӣ қарор дошта, ҳуҷҷати мутобиқ надоштаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Ҳашт шаҳрванди Русия дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон дар вилояти Ӯш боздошт шуданд, хабар медиҳад хадамоти сарҳади давлатии Қирғизистон.

Рӯзи якшанбе дар ҷануби Қирғизистон, дар наздикии урдугоҳи кӯҳнавардӣ, ки дар марз бо Тоҷикистон ҷой гирфтааст, марзбонони қирғиз 11 нафарро барои вайрон кардани ҳолати марзи давлатӣ боздошт карданд.

"Ҳашт нафари онҳо шаҳрванди Русия, як танашон шаҳрванди Полша ва ду нафарашон шаҳрванди Қирғизистон мебошанд", — омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, шаҳрвандони хориҷӣ дар хати марзии Қирғизистону Тоҷикистон дар ҳудуи сарҳади давлаӣ қарор дошта, ҳуҷҷати мувофиқ надоштанд.