Ғарқшавии панҷ нафар дар як рӯз дар рӯдҳои Тоҷикистон

Миёни онҳо се кӯдаки ноболиғи то 16-сола низ будаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон зарфи як шабонарӯз дар рӯдҳои кишвар панҷ нафар ғарқ шудаанд, ки се нафари онҳо кӯдакони ноболиғ то 16-сола будаанд.

"Беназоратии волидону калонсолон сабабгори аслии марги ноболиғон шудааст. Ҷасади ғарқшудагон пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурда шуд" — менависад манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон таъкид кардааст, ки сабаби аслии ғарқ шудани ноболиғон, ин оббозии онҳо дар маконҳое, ки оббозӣ мамнӯъ буда, ҳамчунин риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ мебошад.

Гар шиновар нестӣ...: 5 ҳодисаи ғарқшавӣ дар рӯдҳои Тоҷикистон

"Мо борҳо таъкид кардаем ва ҳоло ҳам таъкид мекунем, ки волидон ва калонсолон ҳаргиз нагузоранд, ки кӯдакон дар назди рӯдҳо бидуни назорат ҳузур дошта бошанд. Кӯдаконро беназорат нагузоранд ва танҳо дар ҷойҳои бехатар оббозӣ кунанд", — ёдрас мешавад манбаъ.

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш ҳангоми оббозӣ сокинону меҳмононро ба эҳтиёткорӣ даъват карда, қоидаҳову пайомадҳои шиновариро бори дигар ёдрас менамояд.

Лозим ба ёдоварист, ки миёнаи моҳи июни соли ҷорӣ Умед Юсуфӣ, роҳбари хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҳавзҳои кишвар дар як шабонарӯзи охир панҷ нафар ғарқ шуданд.

Дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар ҳавзҳо се кӯдак, ки бузургтаринаш 15 сола дошт, ғарқ шудаанд.
Наҷотдиҳандаҳо ҷасадҳои онҳоро бардошта ба мақомотҳои дахлдор супурданд.

Қаблан аз  ҳодисаи пурсарусадои ғарқшавии  ду духтари тоҷик ҳангоми аксбардори дар лаби дарёи Сурхоби ноҳияи Рашт хабар дода шуд.

Рӯзи 28-уми апрели соли равон, соати 17:10 ба қисми навбатдории Шӯъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар Рашт хабар расид, ки сокини 19-солаи Душанбе, ки ба хонаи хешовандонаш ба меҳмонӣ омада буд, ҳангоми суратгирӣ дар телефони ҳамраҳаш ба оби дарёи Сурхоб сарозер шуд.

Ин духтар хостааст,дар мавзеъи шӯхоб, дар манзараи туғёни мавҷи хурӯшони рӯди Сурхоб акс гирад ва пояш лағжидаву мувозинаташро гум кардааст. Духтари 15-сола аз ҷумлаи хешовандони вай, ки мехост кӯмакаш кунад, низ ҳамроҳ бо вай ба дарё рафт.