Дар Хуҷанд Шаҳло Саттороваро ба гирифтани 1200 доллар пора муттаҳам мекунанд

Шаҳло Сатторова - ҳомии ҳуқуқ дар шаҳри Хуҷанд ба ришваситонӣ муттаҳам мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Як корманди Колегияи адвокатҳои "Дифоъ"-и шаҳри Хуҷанд ба ришваситонӣ муттаҳам мешавад, хабар медиҳад Ожонси мубориза бо фасоди ҶТ.

Бино бар иттилои манбаъ, Сатторова Шаҳло Ибрагимовна аз соли 2017 то ин ҷониб ба ҳайси адвокат дар Колегияи адвокатҳои "Дифоъ"-и шаҳри Хуҷанд фаъолият мебурд.

"Муттаҳам бо роҳи фиреб бо истифода аз мақоми хизматӣ ба боварии шаҳрванд "А" даромада бо ваъдаи мусоидат кардан барои бе тағийр мондани таъиноти додгоҳии додгоҳи шаҳри Истаравшан 1200 доллар талаб намудааст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Манбаъ афзудааст, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ — тафтишотӣ Сатторова Шаҳло Ибрагимовна ҳангоми гирифтани маблағи мазкур аз шаҳрванд "А" дастгир карда шуда, маблағи 1200 доллари ИМА аз ӯ ҳамчун далели шайъи ёфта гирифта шуд.

Нисбати Сатторова Шаҳло Ибрагимовна, бо моддаи 247 қисми 3 банди "а" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.