Ҳушдори ҳавошиносон: ҳарорат дар Тоҷикистон баландтар мешавад

Ҳавошиносон ҳушдор медиҳанд, ки рӯзҳои ахир ҳаво дар Тоҷикистон гармтар мешавад. Ба сокинон тавсия дода мешавад, ки пас аз зуҳр бе зарурат зери офтоби тасфон нагарданд,ба кӯдакони хурдсол бояд ҳатман сарпӯше пӯшонид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои истироҳатӣ дар ҷумҳурӣ ҳаво софу беғубор гашта, ҳарорат рӯ ба баландшавӣ меорад. Ин гуна вазъи обу ҳаво то 3 июл  идома ёфта, шурӯъ аз 4 июл ҳарорат нисбат ба рӯзҳои  пешин  паст хоҳад шуд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19+24 ва рӯзона +35+40 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои қисман тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳаво шабона +11+16 ва рӯзона +28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво софу беғубор гашта, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20 +25 ва рӯзона +36 + 41 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ қисман абрнок гардида, дар водиҳо ҳарорат шабона ба 12-17 ва рӯзона 34-39 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор  шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Шабона +16+18 ва рӯзона +37+39 дараҷа гарм мешавад.