Бештари донишҷӯёни тоҷик дар хориҷ намехоҳанд ба Ватан бар гарданд

Бар асоси омори расмӣ, дар ҳоли ҳозир 40 ҳазор нафар аз донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русия машғул ба таҳсил ҳастанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Натоиҷи як пажӯҳиш нишон медиҳад, 65 дарсад аз донишҷӯёни тоҷики марказҳои омӯзишии хориҷ аз кишвар қасди бозгашт ба ватанро надоранд.

Ба гузориши хабаргузории "Парс тудэй", натоиҷи пажӯҳиши созмони ғайридавлатии "Муҳоҷират ва омӯзиши ҷавонон" нишон медиҳад, ин донишҷӯён қасд доранд пас аз поёни таҳсил дар ҳамон кишвар фаъолият кунанд ва ба Тоҷикистон бознагарданд.

Аз ин афрод иллати барнагаштан ба Тоҷикистон ҳам мавриди суол қарор гирифтааст.

35 дарсад вуҷуди рақобати шадид барои истихдом шудан, 32 дарсад маош ва музди ночиз, 20 дарсад надоштани ҳомӣ ва пуштибон барои ёфтани кор ва ҳафт дарсад низ вуҷуди фасоди молӣ ва ришвахориро, ки истихдом шудан дар Тоҷикистонро зери суол мебарад, иллати бознагаштани худ эълом кардаанд.

Аз миёни ширкаткунандагон дар ин таҳқиқ 28 дарсад ҳам гуфтаанд, ба ватан бозмегарданд ва ҳафт дарсад низ ҳанӯз дар ин маврид тасмим нагирифтаанд.

Бар асоси омори расмӣ, дар ҳоли ҳозир 40 ҳазор нафар аз донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русия машғул ба таҳсил ҳастанд.

Давлати Русия ахиран бо эътои сабукӣ ба донишҷӯёни хориҷӣ, заминаи дарёфти шаҳрвандии ин кишварро барои онон фароҳам кардааст.