ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik.Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои истироҳатӣ дар ҷумҳурӣ ҳаво софу беғубор гашта, ҳарорат рӯ ба баландшавӣ меорад. Ин гуна вазъи обу ҳаво то 3 июл идома ёфта, шурӯъ аз 4 июл ҳарорат нисбат ба рӯзҳои пешин паст хоҳад шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19+24 ва рӯзона +35+40 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои қисман тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳаво шабона +11+16 ва рӯзона +28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво софу беғубор гашта, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20 +25 ва рӯзона +36 + 41 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ қисман абрнок гардида, дар водиҳо ҳарорат шабона ба 12-17 ва рӯзона 34-39 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Шабона +16+18 ва рӯзона +37+39 дараҷа гарм мешавад.