Раҳмон ба масъулин: барои сафар ба Узбакистон аз имрӯз омодагӣ бинед

Дар ҷараёни сафари ҷавобии ҷониби Тоҷикистон ба ин ҷумҳурии ҳамсоя намоиши маҳсулоти саноатии истеҳсоли Тоҷикистон баргузор мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи шашуми сафари корӣ ба вилояти Суғд бо роҳбарону фаъолони вилоят мулоқот кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот кишвардор аз сафари раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ёдовар шуда, гуфт, Тоҷикистон ҳам бояд ба сафари ҷавобӣ омодагӣ бинад.

"Зимни суханронӣ сарвари давлат аз натиҷаҳои сафари расмии президенти Ӯзбекистон дар кишвари мо ёдовар шуда, таъкид дошт, ки дар ҷараёни сафари ҷавобии ҷониби Тоҷикистон ба ин ҷумҳурии ҳамсоя намоиши маҳсулоти саноатии истеҳсоли Тоҷикистон баргузор мегардад", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Кишвардор ба масъулин дастур дод, ки омодагӣ ба сафар аз имрӯз оғоз шавад.

"Вобаста ба ин Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва корхонаҳои саноатӣ супориш дод, ки ба ин чорабинӣ аз имрӯз ҳамаҷониба ва ҷиддӣ омодагӣ бинанд", — меафзояд дафтари матбуотӣ.

Раҳмон бо Мирзиёев ва Путин дар маросими ифтитоҳи Ҷоми футболи ҷаҳон ширкат кард

Раисиҷумҳури  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввалҳои тирамоҳ бо сафари расмӣ ба Узбакитон меравад.

Ёдрас мешавем, раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар рафти сафари расмиаш ба Тоҷикистон дар аввалҳои моҳи март кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо сафари ҷавобӣ ба Узбакистон даъват карда буд.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар сафари кориаш ба Тошканд ҳунармандони тоҷик ҳамроҳӣ мекунанд ва дар Узбакистон як Шоми дӯстии дигар баргузор мешавад.

Шоми дӯстӣ — номи барномае буд, ки дар рафти сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он ҳунармандони Тоҷикисону Узбакистон баромад карданд. Дар барнома шахсан Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ширкат доштанд.