Душанбе-Оренбург: хатсайри нави Tajik Air

Белетҳо аллакай ба фурӯш гузошта шуда, дастраси харидорон аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Аз мобайнҳони тобистон парвозҳои ширкати "Тоҷик эйр" то шаҳри Оренбурги Русия мерасад, хабар медиҳад вебгоҳи 56nv.ru.

 Давмонокии парвоз 3 соатро дар бар гирифта,ба нақша гирифта шудааст, ки он аз 30 июл то 22 октябр идома ёбад.

Ширкати "Оренбуржие" афзудааст, ҳавопаймо аз пойтахти Тоҷикистон соати 8:50 парвоз карда, соати 11:50 дар фурудгоҳи шаҳри Оренбург фуруд хоҳад омад. Сипас соати 14:40 аз Оренбург ба Душанбе парвоз ба нақша гирифта шудааст. Мусофирон соати 17:30 ба Душанбе хоҳанд расид.

Пештар ширкати "Тоҷик Эйр" имкони боз намудани хатсайри транзитӣ ба Белгия ва Фаронсаро баррасӣ мекард. Афзун бар ин, ҳамкорони чинӣ, покистонӣ ва ҳиндустонии ширкат дархост карда буданд, ки "Тоҷик Эйр" ба Аврупо хатсайрҳои нав ифтитоҳ кунад. Онҳо мехостанд, аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе чун транзит истифода баранд.