ВУД сӯхтор дар тарабхонаи "Шукрона"-ро тавзеҳ дод

Дар натиҷаи сӯхтор ҳеҷ кас ҷароҳат набардошта ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Таҳқиқи сӯхтор идома дошта, сабаб ва зарар муайян карда мешавад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон қазияи сӯхтор дар тарабхонаи "Шукрона"-ро тавзеҳ дод.

Ёдрас мешавем, 28 июн дар тарабхонаи "Шукрона", ки дар маҳаллаи маъруф ба гардиши фурудгоҳ дар Душанбе маъруф аст, сӯхтор сар зада буд.

Бино бар иттилои манбаъ, 28-уми июни соли 2018, соати 08:16-дақиқа, дар боми бинои тарабхонаи "Шукрона", мансуб ба Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Топаз", воқеъ дар кӯчаи А.Дониш 59-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, сӯхтор ба амал омад.

Гуфта мешавад, фавран ба ҷойи ҳодисаи сӯхтор 12-адад нақлиёти оташнишонӣ сафарбар карда шуданд.

"Ҳангоми ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудани оташнишонон дар соати 08:20-дақиқа, маълум гашт, ки дар масоҳати 200 метри мураббаъ алангаи оташ болопӯши боми бинои тарабхонаи "Шукрона" ва ошёнаи 3-юми бинои онро фаро гирифта аст", — тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Дар натиҷаи амалиётҳои саривақтии ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва кормандони милитсия сӯхтор дар масоҳати аввалааш соати 09:18-дақиқа ба пуррагӣ хомӯш карда шуд, афзудааст манбаъ.

Ашёҳои дохилӣ бинои тарабхона, молу амволи шаҳрвандон ва хонаҳои истиқоматии гирду атрофи маҳалли ҳодиса аз тарафи оташнишонон эмин нигоҳ дошта шуданд.